03.12.2024
Тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №424/ди аз 2 декабри соли 2024, диссертатсияи номзадии ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Бобоев Комрон, доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисоси 6D072001- технологияи моддаҳои ғайри органикӣ тасдиқ гардид.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Бобоев Комронро барои тасдиқи диссертатсияи номзадиаш табрику муборак бод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмиаш комёбиҳоро таманно доранд.